Ғолиби озмун мукофоти НТН “Темур”-ро соҳиб гашт.

Давраи навбатии озмуни “Радиовикторина бо “Роҳи Сомон”” ғолиби худро муайян намуд.
Байни нафарони давоми ҳафтаи гузашта дар барнома ғолиб омада дар радиовикторинаи ҷамбастии ҳафта Ҷамшед Султонов сокини ноҳияи Б.Ғафуров ғолиб гардид.
Имруз роҳбарияти Ширкати радио-рекламавии Тироз кафолатномаи таъсиснамудаи сарпарасти барномаи мазкур Нуқтаи таъмири техникии “Темур”-ро ба Ҷамшед Султонов дар лаҳзаи тантанавӣ супорид.
Кафолатномаи мазкур ба ғолиб имкон медиҳад,ки ба маблағи 50 сомонӣ аз хизматрасониҳои НТН “Темур” ройгон истифода барад.
Лоиҳаи “Автодром бо Роҳи Сомон” лоиҳаи муштараки “ҶДММ Роҳи Сомон Нафт” ва НТН “Темур” бо Ширкати радио-рекламавии “Тироз” буда, аз моҳи октябри соли равон оғоз гардидааст.
Дар доираи ин лоиҳа ҳамаруза аз соати 10.00 то 10 30 барномаи мустақими “Автодром бо Роҳи Сомон” манзури шунавандагон мегардад,ки дар он мухлисони ин радио метавонанд маълумоти ҷадид ва маслиҳатҳои муфидро доир ба нақлиёт, ҳаракати бехатар, талаботҳои қоидаи ҳаракти нақлиёт дар роҳро гуш кунанд. Ҳамзамон дар барнома рубрикаи радиовикторина амал мекунад,ки ғолибони барнома дар анҷоми ҳафта бо ҳам мусобиқа намуда, ғолибияти ниҳоиро ба даст меоранд. Ба ғолиби давраи финалӣ мукофот дар намуди кафолатнома барои хизматрасонии ройгон аз НТН “Темур” ба маблағи 50 сомонӣ супорида мешавад.