Қаҳваи табииро аз НФС № 2 “Роҳи Сомон” харидорӣ намоед!


Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон” намуду сифати хизматрасониҳои худро бештар менамоянд.
Дар арафаи таҷлили Иди Сайиди Фитр мизоҷони НФС “Роҳи Сомон” дар мавзеи “Ёва Арал” имкони истифодаи боз як намуди хизматрасонӣ гардиданд.
Мизоҷон 7 намуди қаҳваи табииро аз қабили “Капучино” , “Американо” , “Шоколади гарм”, “Какао бо шир”, “Қаҳва бо шир” , “Латте” ва “Эспрессо” ва чойи гармро бо нархҳои дастрас харидорӣ карда метавонанд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки харидории қаҳваи табии ва чойи гармро аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон” дар мавзеи Қотмаи ҷамоати Ғозиён низ имконпазир аст.