Ҳамкории ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” бо ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо”,-имконияти нав барои мизоҷон.

 

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” баҳри таъмину дастрасӣ пайдо намудани мизоҷони худ ба хизматрасониҳои гуногун доираи ҳамкории худро бо корхонаю муассисаҳои гуногун аз ҷумла ташкилотҳои хизматрасонии молӣ ва бонкӣ бештар менамояд. Яке аз ин тадбирҳо ба имзорасии созишномаи ҳамкорӣ бо ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” аст.
Ҳамкории мазкур якчанд самтҳои ҳамкориро барои солҳои минбаъда фарогир буда, дар марҳилаи аввал пешниҳоди пардохти мобилӣ тариқи “QR-код”аст. Ҳоло дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон” мизоҷон имкон доранд, тариқи телефонҳои мобилии худ сӯзишворӣ харидорӣ намуда аз хизматрасониҳои мағозаҳои ширкат бемаҳдудият истифода баранд.
Дар баробари ин мувофиқи нақшаи ҳамкорӣ ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Роҳи Сомон» дар мавзеи «Қотма», ҷамоати Ғозиён, «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен дар шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир буда, терминалҳои пардохти маблағи хизматрасониҳо насб карда шудаанд, ки ҳангоми пардохти маблағ фоизи хизматрасонӣ аз мизоҷ гирифта намешавад.
Марҳамат аз сӯзишвории босифат харидорӣ намоед!
Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!