ҶДММ «Рохи Сомон Нафт» тахассуси кормандонашро такмил медихад.

Мувофиқи дастури роҳбарияти ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” бо мақсади баланд бардоштани тахассуси кормандон дарсҳои такмили ихтисос доир карда мешавад. Масъулони соҳаи молӣ, ҳуқуқӣ, техникаи бехатарӣ ва кор бо кадрҳои ширкат бо танзимгарон ва пуркунандаҳои нуқтаҳои фуруши сузишворӣ “Роҳи Сомон”дар мавзӯи сифати хизматрасонӣ, одоби муошират, омода намудани ҳисоботи ҷории молӣ, талаботҳои мавҷудаи техникаи бехатарӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандон ва масъулони НФС маълумоти муфассал доданд. Кормандон имкон доштанд ба саволҳои гузоштаашон ҷавобҳои мушаххас гирифта, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба кормандон маслиҳатҳои муфид дода шуд.