Ид муборак модарон ва хоҳарони азиз!

Ид муборак модарон ва хоҳарони азиз!

ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” бо камоли эҳтиром ва самимият Шуморо бо иди 8-уми Март муборакбод менамояд. Барои Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда, бахту саодат ва барори кору зиндагии ҳамарӯзаатонро таманно менамоем. Рамзист, ки иди занону модарон дар нахустрӯзҳои арӯси сол, ба оғози баҳори дилафрӯзу гулборон, ба айёми сабзкориҳои табиат – ибтидои фасли зеботарини сол рост меояд. Мантиқан зан худ баҳор аст, баҳори зиндагӣ, баҳори рӯзгор ва олиҳаи ҳусн! Идатон муборак бод, модарону хоҳарони азизу арҷманд!

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.