Донишҷуён таҷрибаи фаъолияти “Роҳи Сомон”-ро меомузанд.

Донишҷуён таҷрибаи фаъолияти “Роҳи Сомон”-ро меомузанд.

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бо муассисаҳои таълимии вилоят ҳамкории хуб дошта, барои таҳкими дарсҳои амалии донишҷӯёне, ки бо ихтисосҳои молӣ, иқтисодӣ ва муҳосибӣ таҳсил менамоянд саҳми арзандаи худро мегузорад.

Имруз як гуруҳ донишҷӯёни солҳои якум ва дуюми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” ошно гашта, бо роҳбарияту кормандони ширкат мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Директори молиявии ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” Исмолиҷон Носиров ва ҳуқуқшиноси ширкат Темурмалик Раҳмонов доир ба таърихи фаъолият ташаккул ва нақшаҳои ширкат ҳамчунин мақоми он дар бозори фуруши маҳсулоти газию нафтӣ маълумот дод.
Ба донишҷуён имкон дода шуд баробари шиносоӣ бо тарзи корбарии идораи марказии ширкат аз анбори сузишвории газӣ низ дидан намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гиранд.

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.