Аксияи “Армуғони оилавӣ” ҷамбаст мегардад!

Аксияи “Армуғони оилавӣ” ҷамбаст мегардад!

Ниҳоят муҳлати барои аксияи “Армуғони оилавӣ” аз Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” эълон гашта буд, ба анҷом мерасад!
Ба маълумоти тамоми мизоҷон ва шаҳрвандоне ки дар аксияи мазкур фаъолона ширкат намуданд мерасонем,ки то имруз бештар аз 550 нафар мизоҷон иштирокчии аксия гардиданд.
Ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни аксия мерасонем,ки ғолибон тариқи барномаи махсуси компютерии интихоби тасодуфии рақамҳо муайян карда мешаванд. Ба барномаи компютерӣ рақами корти ҳар як мизоҷ ворид карда шуда, рақами интихобнамудаи барномаи компютерӣ ғолиби аксия дониста мешавад!
Барои таъмини шаффофияти интихоби ғолибон ҷараёни баргузории чорабинии интихоби ғолибон тариқи саҳифаи иҷтимоии Ширкати Роҳи Сомон Нафт” https://www.facebook.com/rohisomonnaft мустақиман намоиш дода шуда, худи чорабинӣ бо иштироки ҳайати комиссия баргузор мегардад.
Мизоҷони муҳтарам!
Санаи 15 май соати 11.00 моро дар саҳифаи https://www.facebook.com/rohisomonnaft ҳамроҳӣ намоед!

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.