Мизоҷон ба “Роҳи Сомон” изҳори сипос намуданд.

Мизоҷон ба “Роҳи Сомон” изҳори сипос намуданд.

Барои аҳли хонаводаи сокини ноҳияи Спитамен Боҳир Баҳодурзода Рузи оила санаи фараҳбахшу хотирмон гардид. Зеро дар ин руз оилаи онҳо соҳиби тӯҳфаи арзишманди оилавӣ гардид.

Маҳз бо шарофати иштирокчии фаъоли аксияи “Армуғони оилавӣ”   гаштан ширкати “Роҳи Сомон” ба мизоҷи доимии худ Боҳир Баҳодурзода яхдон тӯҳфа намуд.

“Ман давоми бештар аз 5 сол мешавад, ки аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон” барои нақлиёти худ сӯзишворӣ мехарам. Ҳам сифати хизматрасонӣ ва ҳам сифати сӯзишворӣ барои ман писанд аст. Барои эътибор ва тӯҳфаи хуби оилавӣ ба Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ташаккури зиёд баён мекунам. Ман бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки Роҳи Сомон барои мизоҷони худ эътибор медиҳад ва эҳтиром менамояд.” – зикр намуд ғолиби аксияи “Армуғони оилавӣ” Боҳир Баҳодурзода.

Дар аксия мазкур ки як моҳ давом кард ва ба Рӯзи оила бахшида шуда буд, бештар аз 500 нафар ширкат намуда 17 нафар ғолиб ва соҳиби тӯҳфаҳои арзишманд шуданд.

 

Нуқтаҳои таъмини сӯзишвории нақлиётии «Роҳи Сомон» дар маҳаллаҳои 7 ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи «Қотма», ҷамоати Ғозиён, “Артели 1 май” дар Ҳ.Усмонов ва «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст.

 

Марҳамат аз сӯзишвории босифат харидорӣ намоед!

Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.