Иди садоқату муҳаббат муборак бошад!

Иди садоқату муҳаббат муборак бошад!

Моҳи шарифи рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат аст сипарӣ гардиду бо инояти Худованд ба Иди Фитр расидем.
Иди сайиди Фитр яке аз арзишҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад.
Зеро ҷавҳари фарҳанги миллии мо таълимоти дини мубини Ислом аз дӯстиву муҳаббат ва ваҳдату таҳаммулгароӣ иборат аст. Маҳз ҳамин арзишҳо ниҳоди одамиро такмил дода, ба камолоти инсонӣ мерасонад.
Фарорасии ин иди саидро Ширкати «Роҳи Сомон Нафт» ба ҳамаи шумо, дустони азиз табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати афзунро орзу менамояд.
Иди сайиди Фитр муборак, дӯстони азиз!

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.