Таксии “maxim” ба “Роҳи Сомон” эътимод дорад.

Таксии “maxim” ба “Роҳи Сомон” эътимод дорад.

Ҳамкории Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бо корхонаю ташкилот ва муассисаҳои мухталифи вилоят густариш меёбад.
Яке аз дастовардҳои соли рафтаистода ин ба имзо расидани созишномаи ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” бо Хадамоти хизматрасонии фармоиши таксии “maxim” аст.
Аз нимаи дуюми соли 2019 тамоми нақлиётҳои таксии “maxim” ҳангоми харидории сузишворӣ аз нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон”, таъмири нақлиёт дар НТН “Темур” ва шустушӯйи нақлиёт имконият пайдо намуданд,ки аз имтиёзҳои хосаи хизматрасонӣ истифода баранд.
Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ шумораи мизоҷони “Роҳи Сомон” бештар гашта, тағйирёбии нархи сузишворӣ ба фаъолияти ҳамарузаи ронандагони таксӣ “maxim” камтаъсир гашт. Дар баробари ронандагон то имруз аз сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сузишвории “Роҳи Сомон” қаноатманданд.
Лозим ба қайд аст,ки дар рузҳои истиқболи Соли нави мелодии 2020 роҳбарияти ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” ва Хадамоти хизматрасонии фармоиши таксии “maxim” ба мувофиқа расиданд,ки ҳамкориро дар соли оянда низ идома диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.