Дар Хуҷанд кай троллейбус ба ҳаракат даромад? ва ё иқдоми неки роҳбарони солҳои 70-уми қарни гузашта то кай идома ёфт?

Дар Хуҷанд кай троллейбус ба ҳаракат даромад? ва ё иқдоми неки роҳбарони солҳои 70-уми қарни гузашта то кай идома ёфт?

Баъди барқароршавии вилояти Ленинобод (1970) роҳбарияти нави вилоят ва шаҳри Хуҷанд баробари кушиши беҳдошти дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бобати такмил додани нақлиёти мусофиркашон андеша карданд. То ин вақт муассисаи нақдиёти мусофиркашон амал мекарда бошад ҳам, аммо, роҳбарияти он паи он шуданд, ки чун дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе дар маркази маъмурии вилоят-Ленинобод (Хуҷанд) низ ба қавли мардум «автобусҳои шохдор» ба ҳаракат дарояд.

Аслан мувофиқи сарчашмаҳо  масъулони шаҳр ба бунёди парки троллейбусҳо охири 60-уми қарни гузашта оғоз карда буданд. То ки маркази таърихии шаҳр бо микроноҳияҳои нави дар соҳили рости Сирдарё сохташаванда пайваст гардад.  Санаи 15 октябр тариќи санљиш аввалин троллейбус ба њаракат дароварда шуд. Моҳи ноябри он сол бошад, парки троллейбусҳо барои 100 нақлиёти барқӣ дар микроноҳияи 32-юм фаъол гардид.  Тарҳи он чун парки дар шаҳри Олмалиқи Ўзбкекистони ҳамсоя буд.

Ҳамин тариқ корҳои танзим ва ба ҳаракат тайёр кардани хатти ҳаракати троллейбус 12 моҳ идома ёфта, ниҳоят санаи 3 ноябри соли 1970 ҳаракати муназзами троллейбусҳои мусофиркашон дар сайрхатти муайян ба роҳ монда шуд.  Дар оғоз хатти барқи троллейбус дар қаламрави шаҳр ба роҳ монда минбаъд хатти он то ба микроноҳияҳои навбунёди 8 ва 12 ва маҳаллаи Пахтакор низ ба роҳ монда шуд. Соли 1987 троллейбусҳо дар 9 саайрхат мусофиронро мекашонданд.

Соли 1990 кўшиши бунёди сайрхатти берунишаҳрии роҳи оҳан бо  ҳаракати транзитии роҳи оҳан то ба вокзали роҳи оҳани шаҳраки Ғафуров бо истифодаи қувваи барқ ба ҷо оварда шуд. Ин мақсад бо сабабҳои маълум танҳо соли 1998 амалӣ шуд. Сайрхатти байнишаҳрӣ ба фаъолият оғоз кард. Дарозои он 9 км буда, сайрхатҳои иловагии нақлиёти мусофиркашон ташкил карда шуд, ки теъдоди умумии онҳо ба 11 адад расид.

Аммо, баробари кушодани хатти нави байнишаҳрӣ инфрасохтор дар шаҳри Хуҷанд заиф шуда, баъди барҳам хўрдани давлати абарқудрати шўравӣ ва канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ қисмҳои эҳтиётӣ дигар аз Русия дастрас нашуданд. Дар ин ҳолат муназзамии ҳаракати троллейбус рў ба пастравӣ овард. Бо вуҷуди он ки соли 1990 дар заводи таъмири самолетҳои шаҳри Чкалов (Бўстон) таъмири капиталии троллейбусҳоро ба роҳ монда буданду имконияти таъмири чандин троллейбусњо ба миён омад,  соли 2006 дар парки троллейбусҳо ин намуди нақдиёти барқӣ аз 79 адад ба 31 адад кам шуд. Соли 2008 бошад, 28 троллейбус боқӣ монду халос.

Солҳои 2000-ум бинобар қарз аз пардохти истифодаи қувваи барқ доштан барқи  парки троллейбусҳо зуд-зуд қатъ карда мешуд. Бо ҳамин то оғози соли 2007 ҳаракати троллейбус дар шаҳр қатъ гардид. Оғоз аз санаи 15 майи соли 2008 бошад, ҳаракати троллейбус 13 моҳи расо қатъ шуд.  Дар ин муддат дар қисмати марказии шаҳри Хуҷанд дар хатти ҳаракати троллейбус ду роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон сохта шуд. 17 августи соли 2009 бошад, ҳаракати троллейбус дар ду сайрхат: аз парки троллейбусҳо то вокзали роҳи оҳани шаҳраки Ғафуров аз нав ба роҳ монда шуд, ки давомнокии ҳаракат 13 моҳ идома ёфт. То он даме, ки моҳи сентябри соли 2010 яке аз хатҳои қувваи барқ пурра аз кор баромад.

Моҳи апрели соли 2011 дар парк бо умеди ҳалли мушкилот боз 7 троллейбуси ҳолати кориашон хуб интизори эҳёи ҳаракат буданд, ки ба ҳамин миқдор троллейбуси корношоям низ мављуд буд. Соли 2012  мавзеъи парк ба иҷора дода шуд. Ниҳоят, моҳи апрели соли 2013  расман эълон гардид, ки тариқи троллейбус кашонидани мусофир дар шаҳр барҳам дода шудааст.

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.