Имрўз Рўзи кормандони соҳаи нақлиёт

Имрўз Рўзи кормандони соҳаи нақлиёт

Ҳар сол тибқи тақвим шанбеи охири моҳи июл иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти кишвар ҷашн гирифта мешавад. Қайд кардан бамаврид аст, ки нақлиётчиёни вилоят бо мақсади адои рисолати худ –сари вақт ба манзилҳояшон расонидани мусофирон ва кашондани борҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат намуда, дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар вилояти Суғд бошад, сиёсати нақлиётро Раёсати Муассисаи Давлатии «Нақдиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» татбиқ мекунад. Дар арафаи иди касбии нақлиётчиён мо сўҳбате доштем бо сардори он Авлиёев Аюбхон Ҷаъфарович, ки мўҳтавои асосии онро манзури хонандагон мегардонем.
Аюбхон Ҷаъфарович, ба саволи «аз иди гузашта то иди омадаистода кормандони соҳаи нақлиёт чӣ рўзгоре ба сар бурданд? Посух дода гуфтанд, ки: «Бурди муҳими мо дар он буд, ки нақлиётчиён бо дастгирии бевоситаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД вилояти Суғд шахсан Раиси вилоятамон мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вазифаи муқаддаси худ- ба манзилҳояшон бурда расонидани сокинон ва тибқи фармудаи аҳолӣ борҳояшонро ба нуқтаи таъинот бурданро бе шикасту рехт сарбаландона адо кардем».
Зимни шарҳу эзоҳи гуфтаҳояшон дар асоси факту рақамҳои мушаххас маълум гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 49 ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии шаҳру навоҳии вилоят 80808,1 ҳазор мусофирро ба манзилҳои муродашон расонидаанд, ки гардиши мусофиркашонӣ ба 922722,2 ҳазор мусофир км баробар аст. Ҳаҷми боркашонӣ бошад, 3481,9 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин миқдор ба 120282,1 ҳазор тонна км баробар мебошад. Бо ин гуфта метавонем, ки дурнамои кориамон ба иҷро расонида шудааст.
Ногуфта намонад, ки нақлиётчиёини вилоят низ дар давраи паҳншавии бемории сироятии «Ковид19» нисбати пешгирии он саҳми худро гузоштанд. Аз рўи гуфти ҳамсўҳбатамон масъулин дар миқёси вилоят 15 дидбонгоҳҳои иловагии доимоамалкунандаи санитарию-гигиенӣ таъсис дода, дар онҳо агент-экспедиторони Раёсат ҳамчун аъзои ситод фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин дар асоси супориши протоколи машаварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои вазъи эпидемиологии вобаста ба пешгирии сирояти нави коронавирус расмиёти бақайдгирӣ ва дигар амалиётҳои гумрукии молу маҳсулоти ба қаламрави вилоят воридшаванда дар терминалҳои наздисарҳадӣ ба анҷом расонида шуда, интиқоли минбаъдаи онҳо то нуқтаи таъинот тавассути нақлиёти ватанӣ ба анҷом расонида мешавад. Бариловаи ин чорабиниҳои безараргардонӣ бо маводҳои безараркунанда ҳамарўза дар корхонаҳои нақлиётҳои мусофиркашон (микроавтобусҳо) гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ронандагон қабл аз баромаданашон ба роҳ бурда мешавад.
Воқеан ҳам, дар қаламрави вилоят чанд муассисаҳои нақлиётӣ ғайридавлатӣ ва хусусӣ шуданд. Мутаассифона, аз бархеи онҳо ному нишоне ҳам намондааст. Лекин чанд даҳтои он фаъолияти назарраси худро идома дода истодаанд. Аюбхон Ҷаъфарович мушаххасан дар ин бора чунин гуфт:
-Байни он корхонаҳои нақлиётие, ки имрўз шакли сохториашон дигар шуда бошад ҳам, аммо, коргоҳ беталаю тороҷ дар шакли қадимааш боқӣ мондааст, метавонем, ҶСК «Сайёр»-ро ном барем, ки дар гузаштаи на чандон дур онро «Автобазаи №31» мегуфтанд. Ин муассиса таърихи беш аз 100 сола дорад. Соли таъсисёбиаш 1929 аст. Ба шарофати ҷонсўзии роҳбарияти имрўзи он дар шахси директори генералиаш Исломхўҷа Бобохўҷаев он пурра побарҷост. Бо вуҷуди он, ки шукўҳу шаҳомати фаъолияти замони шўравиаш боқӣ намонда бошад ҳам, аммо маъмурияти имрўзаи он тавонист корро тавре ба роҳ монад, ки ягон аз қитъаи он бекор нест. Ҳамааш самаранок ва мувофиқи талаботу шароити иқтисоди бозоргонӣ истифода мешавад.
Мо гуфтаҳои ҳамсўҳбати худро дақиқтар кардем. Маълум гардид, ки агар замони шўравӣ дар муассиса наздик 90 сайрхат амал кунад, имрўз ҳамагӣ 18 то боқӣ мондааст, ки 9 тои он байнишаҳрист. Агар замони шуравї 236 автобус ба мусофиркашонӣ машғул бошад, имрўз 115 ададро ташкил медиҳад. Ин ҳама бариловаи сайрхатҳои байналхалқист, ки ба як қатор вилоятҳои кишвари ҳамсояи Ўзбекистону Қирғизситон ҳаракат мекарданд. Ногуфта намонад, ки аксари автобусҳои мусофиркашон аз тамғаи хориҷианд.
Боқимонда иншоотҳо (боксҳо)-ро тариқи иҷора барои таъмиру тармими нақлиётҳои гуногунтамға супорида шудааст, ки шартномаҳо қотеъона тибқи қонунгузорӣ ба иҷро расонида мешавад. Ногуфта намонад, ки ин муассиса ягона дар қаламрави вилоят аст, ки ба саҳмдоронаш ҳар моҳ даромад аз саҳмияашонро пардохт менамояд.
Дар пайрави муассисаи фавқуззикр дар татбиқи самараноки сиёсати нақлиёт инчунин муассисаҳои нақлиётии ҶСК «Сорбон»» (собиқ парки таксомотории шаҳри Хуҷанд)-роҳбараш А.Шарифов, «Наҷот»-и шаҳри Исфара (роҳбараш Н.Исомаддинова), «Дўстӣ»-и шаҳри Истаравшан (роҳбараш М.Юнусов), «Даврон»-и шаҳри Панҷакент (роҳбараш Н.Досталиев), «Адаб»-и Деваштич (роҳбараш Т.Комилов), «АТП-32»-и ноҳияи ба номи Ҷ.Расулов (роҳбараш А.Латипов) ва «Тоҷиктрансконтинентал», ки онро собиқадори соҳа Ҳусейнхўҷа Баҳоваддинов роҳбарӣ мекунанд, саҳми худро гузошта истодаанд…
ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” тамоми кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро бо Иди касбиашон муборакбод менамояд.

Мирзобаҳром Мақсудов

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.