Хадамоти фармоиши “Такси-24” бо мо аст!

Хадамоти фармоиши “Такси-24” бо мо аст!

Бо мақсади густариши ҳамкорӣ ва таъмини хизматрасонии арзанда Хадамоти фармоишии “Таксӣ- 24”  ва  Ширкати Роҳи Сомон Нафт ҳамкориро  оғоз намуданд.

Дар доираи ҳамкорӣ Ширкати “Роҳи Сомон Нафт”  ба ронандагони “Такси-24” кортҳои имтиёзноки худро пешниҳод намуда, барои онҳо тахфифҳои махсус роҳандозӣ менамояд.

Дар  доираи ин ҳамкорӣ тамоми воситаҳои  нақлиёти хадамоти фармоиши таксӣ   бо имтиёзҳои хоса дар Нуқтаи таъмири нақлиёти “Темур”  таъмир карда мешаванд.

Лозим ба зикр аст,ки Ширкати Роҳи Сомон Нафт барои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят пешниҳодҳои ҷолиб ва муфидро пешниҳод менамояд. Зеро ҳангоми ба имзо расондани созишномаи ҳамкорӣ  муассисаҳои дорои нақлиётҳои хизматӣ дар як вақт  сузишвориҳои босифатро харидорӣ карда,   имкони  ҳамаи намудҳои таъмири нақлиётҳои гуногунтамғаи худро дар Нуқтаи таъмири нақлиёти “Темур” пайдо мекунанд.

Барои чунин шарикон  истифода бурдани хизматрасонии нуқтаи шустушӯйи нақлиёти дар назди НФС “Роҳи Сомон” фаъолият дошта ройгон пешниҳод карда мешавад!

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.