Иди Истиқлолият муборак!

Иди Истиқлолият муборак!

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ҳамдиёрони азизро бо фарорасии ҷашни фархунда, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯяд. Яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва заминаи устувори рушди бемайлони ҳар як давлат, ин фаъолияти пурсамари ширкатҳои хусусӣ аст. Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намуда, барои ноил шудан ба дастоварду муваффақиятҳои нав, ҳамчунин ободии кишварамон саҳми худро мегузорад.
Қобили зикр аст, ки кормандони мо дар баробари мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо меҳнати фидокоронаю садоқати пайвастаи худ баҳри густариши сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон бо ҳисси баланди хештаншиносӣ арзишҳои истиқлолияти Ватани азизамонро таҳким мебахшанд.
Иди худшиносӣ,ватандорӣ ва ифтихори миллӣ муборак бошад!

Тамос

Хабаррасонак

Барои гирифтани ахборот дар бораи фаъолияти мо, суроғаи почтаи электронии худро нависед.

© 2020 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.