Иди сайиди Фитр муборак!

Дустони азиз!

Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусалмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имконияҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад.
Кулли кормандони ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” баробари мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ин иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома дода, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҶДММ «Роҳи Сомон Нафт” фарорасии Иди Фитрро ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу менамояд.
Иди саиди Фитр муборак бошад!