Ҷамъбасти аксияи “Ҷамъбасти сол” бо “Роҳи Сомон”

Мизоҷони мӯҳтарам, имрӯз охирон рӯзи аксия мебошад. Он нафароне, ки зиёда аз 300 сомонӣ то 15 000 сомонӣ сӯзишворӣ харидорӣ намуданд, иштирокчии аксия гаштанд. Ҳамаи Шумоёнро аз номи ширкат самимона табрик менамоем. Санаи 07.01.2021 соати 00:00 аксия ҷамъбаст гардида, шумораи аниқи иштирокчиён дар сомонаи расмии ширкат нашр мегардад. Барои санҷидан метавонед ба сомонаи https://rsn.tj/aksiyahoi-shirkat/ ворид гашта, 4 рақами охирини кортатонро ворид намуда, аз иштирокчи будан ё набудан огоҳ шавед. Ҷамъбаст санаи 08.01.2021 соати 18:00 тариқи мустақим (ОНЛАЙН) бо иштироки шахсони холис ва намояндагони ширкат аз саҳифаи расмии ширкат дар Facebook: https://www.facebook.com/rohisomonnaft пахш мегардад. Моро пайгири намоед.