Cancel Preloader

info@rsn.tj

Ба мо нависед

+992 92 888 88 02

Ба мо занг занед 24/7

 Ҷашни Меҳргон муборак бошад, дустони азиз!

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, дустони азиз!

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ҷашни миллии Меҳргонро,ки саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона ва чун иди қадимаи кишоварзон- истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ таҷлил мегардад, самимона муборакбод мегуяд.
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид,ки дар баробари дигар идҳои суннатии мардуми фарҳангофари мо ҷашни Меҳргон низ чун мероси арзишманди аҷдодӣ эҳё гардида ҳамасола таҷлил мегардад.
Аз қадим иди Меҳргон ҳамчун ойини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирифтанд, ба умеде ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон гардида, хонадони мардум пур аз файзу баракат бошад.
ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад.
Бигзор дар хонадони ҳар як сокини Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, иқболу саодат ва дастурхони пурнозу неъмат поянда бошад!