Аз ширкати “Роҳи Сомон Нафт” сузишвориро яклухт харидорӣ намоед

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” доираи фаъолияти худро дар самти фуруши сузишвории яклухт густариш медиҳад.
Дар баробари фуруши сузишвории дизелӣ,бензин ва гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши худ, ки бо брэнди ягонаи “Роҳи Сомон” дар вилояти Суғд ба мизоҷон хизмат мерасонад, ширкат тасмим гирифтааст, фуруши яклухти сузишвориро дар қисмати ҷанубии кишвар низ ба роҳ монад.
Бо ин мақсад нимаи дуюми руз қатораи навбатии сузишвории баландсифати дизелӣ вориди истгоҳи асосии роҳи оҳани “Душанбе 2” гардид.
Лозим ба зикр аст,ки сузишвории дизелии тамғаи ДТ-Л-К5 буда, аз коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти нафтии “Орскнефтеоргсинтез”- и Федератсияи Руссия ворид гаштааст. Ба сузишвории мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ сертификати мутобиқати сифат дода шудааст.
Минбаъд низ Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” барои фурушандагони чаканаи сузишворӣ ба миқдори номаҳдуд дархостномаҳо қабул намояд.
Телефонхо барои харидории яклухт:
92 833 04 00
777 11 77 71
Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!