Беҳтарин НФС “Роҳи Сомон Нафт” муайян карда шуд

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати “Роҳи Сомон Нафт” кормандони худро бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд. Дар маҷлиси тантанавӣ, ки дар идораи марказии ширкат доир гардид, директори молиявии ширкат Исмоил Носиров кулли кормандонро бо ин ҷашни пурифтихори миллӣ муборакбод намуда, барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипосмандӣ намуд. Бо назардошти дастовардҳои меҳнатӣ ба Нуқтаи фуруши сузишвории “Қотма” барои нишондиҳандаи беҳтарини савдои мағоза, НФС “Спитамен” барои фуруши аз ҳама бештари сузишвории нақлиётӣ, ба НФС Ёва Арал” барои маданияти баланди хизматрасонӣ ба мизоҷон ва анҷоми корхои ободонӣ, ба НФС “Артел” барои нишондиҳандаи намунавии фуруши сузишвории газӣ, ҳамчунин ба “НФС 7 мкр” ва “НФС 12” барои хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон Ифтихорнома супорида шуд. Ҳамзамон ба тамоми кормандон ва масъулони нуқтаҳои фуруши сузишвории зикргардида бо қарори роҳбарияти ширкати “Роҳи Сомон Нафт” мукофотпулӣ супорида шуд.