Боз як ғолибияти варзишгарони номӣ.

Бо дастгирӣ ва сарпарастии “Роҳи Сомон Нафт” се нафар варзишгарони вилояти Суғд чемпиони дукаратаи Осиё дар намуди варзиши дастхобонӣ номзад ба устоди варзиш Қаҳрамон Мусобоев, чемпиони ҷаҳон дар ҳамин намуди варзиш Акмал Қодиров ва сармураббии мактаби варзишии вилояти Суғд Зокирҷон Комилов
дар мусоибиқаи байналмиллалии варзишгарони имконияташон маҳдуд,ки аз санаи 7 декабр то санаи 9 декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур дар доираи Даҳаи Байналмиллалии шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гашта, варзишгарон аз руйи 5 намуди мусобиқа маҳорату қувваи худро намоиш доданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ба даст омада дастаи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гашта, Акмал Қодиров ҷойи аввал ва Қаҳрамон Мусобоев ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд.