Дастовардҳо

     Дар оғози соли 2019 Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Роҳи Сомон Нафт» фаъолияти солонаи худро ҷамбаст намуд.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои мизоҷон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳадафи асосии ширкат буда, ҶДММ «Роҳи Сомон Нафт» дар самт ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Давоми соли сипаригашта тамдиди мӯҳлати шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати АО “ФортеИнвест»-и Федератсияи Россия, соҳиби тамғаи молии «Роҳи Сомон» гаштани ширкат, оғози таҷдиду азнавсозии нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Полигон» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, ташкили мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хурока ва лавозимоти нақлиётӣ дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Роҳи Сомон» аз ҷумлаи тадбирҳои судманди фаъолияти ширкат маҳсуб меёбанд. 
Ҳамчунин соли 2018 муштариёни НФС «Роҳи Сомон» имкон пайдо намуданд, ки бо кортҳои бонкҳои «Эсхата», «Амонатбонк», «Арванд», «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», «Матин», «VIZA» ва «MASTER» маблағи сӯзишвориро тариқи «ПОСТ-терминал»-ҳо ғайринақдӣ пардохт намоянд. 
Рӯйдоди дигари муҳими соли гузашта ин идома ёфтани мӯҳлати созишномаи ҳамкорӣ бо яке аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалии «Аргус» аст.
Лозим ба қайд аст, ки ин созмон нархи маҳсулоти нафтиро дар арсаи ҷаҳонӣ танзим ва муқаррар намуда, эътибори он барои интихоби маҳсулоти нафтии босифат назаррас аст. 
Тарзи дурусти идоракунӣ, корбарӣ, хизматрасонӣ ва эътимоди мизоҷон боис гардид, ки дар соли 2018 теъдоди мизоҷони НФС «Роҳи Сомон» 45% зиёд гардида, ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст.
Дар соли 2019 низ мизоҷон ва ронандагон имкон доранд чун ҳарвақта аз тамоми НФС «Роҳи Сомон» сӯзишвории босифат ва дорои сертификат, ҳамчунин ҷавобгӯ ба тамоми талаботу меъёрҳои стандартиро харидорӣ намоянд.
Нуқтаҳои таъмини сӯзишвории нақлиётии «Роҳи Сомон» дар маҳаллаҳои 7 ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи «Қотма», ҷамоати, Ғозиён, даромадгоҳи ҷамоати Ҳ.Усмонов ва «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст.
Марҳамат аз сӯзишвории босифат харидорӣ намоед!
Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!



Хабаррасонак

Барои гирифтани ахбору ахборот дар бораи фаъолияти мо дар суроғаи зерин, суроғаи почтаи электронии худро нависед.



Тамос

ҶТ, вилояти Суғд
н. Б. Ғафуров, ҷамоати Ҳ. Усмонов
кӯчаи Ф. Ахмедов 21-А
+992 3422 4 18  88
info@rsn.tj

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қабули кортҳо   

© 2019 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.