Кафолатномаи НТН “Темур” ба ғолиби озмун тақдим гардид

Ғолибияти навбатии “Радиовикторина бо “Роҳи Сомон”” насиби сокини ноҳияи Ҷ.Расулов Саидалӣ Саидов гардид. Ба ғолиби барномаи маърифатӣ кафолатномаи таъсиснамудаи сарпарасти барномаи мазкур Нуқтаи таъмири техникии “Темур” тақдим гардид.
Лозим ба ёдоварист,ки барномаи “Автодром бо Роҳи Сомон” лоиҳаи муштараки “ҶДММ Роҳи Сомон Нафт” ва НТН “Темур” бо Ширкати радио-рекламавии “Тироз” буда, аз моҳи октябри соли равон оғоз гардидааст.
Дар доираи ин лоиҳа ҳамаруза аз соати 10.00 то 10 30 барномаи мустақими “Автодром бо Роҳи Сомон” манзури шунавандагон мегардад,ки дар он мухлисони ин радио метавонанд маълумоти ҷадид ва маслиҳатҳои муфидро доир ба нақлиёт, ҳаракати бехатар, талаботҳои қоидаи ҳаракти нақлиёт дар роҳро гуш кунанд. Ҳамзамон дар барнома рубрикаи радиовикторина амал мекунад,ки ғолибони барнома дар анҷоми ҳафта бо ҳам мусобиқа намуда, ғолибияти ниҳоиро ба даст меоранд. Ба ғолиби давраи финалӣ мукофот дар намуди кафолатнома барои хизматрасонии ройгон аз НТН “Темур” ба маблағи 50 сомонӣ супорида мешавад.