Cancel Preloader

info@rsn.tj

Ба мо нависед

7711

08:00 то 17:00

 Кушодашавии нуқтаи фурӯши нави ширкати “Роҳи Сомон”

Кушодашавии нуқтаи фурӯши нави ширкати “Роҳи Сомон”

Cанаи 25 декабр дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров (Полигон) воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 168 боз як нуқтаи нави фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Роҳи Сомон Нафт» ифтитоҳ гардид. Дар чорабинии ифтитоҳӣ тамоми крмандони ширкат иштирок намуданд. Дар нуқтаи фурӯши мазкур намудҳои гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин барои мизоҷон пешниҳод карда мешаванд. Нуқтаи таъмини сўзишворӣ дар ҷойои басо қулайи даромаду баромади нақлиёт бунёд карда шудааст. Дар нуқтаи мазкур сиситемаи автоматикунонидашудаи ҳисоб насб гардида, мизоҷон имкон доранд, пардохтро тавассути кортҳои бонкӣ ва QR ба ҷо оранд. Мавзеъи нуқтаи мазкур ободу сарсабз, хизматрасонии минимаркет, хизматрасонии техникӣ, маводи ғизоии фаврӣ, аз ҷумла 7 намуди қаҳва инчунин, чой ва ғайра пешниҳод мешаванд. Бояд қайд кард, ки сӯзишвориҳое, Ки ширкати “Роҳи Сомон Нафт” пешниход менамояд ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ буда, барои муштариён тамоми шароит мухаё гардидааст. Инчунин, бо ифтитоҳи 7-умин нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкати “Роҳи Сомон” 4 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар чорабинии тантанавӣ ба кормандони фаъоли ширкат тӯҳфаҳои пулӣ ва сипосномаҳо барои фаолияти назаррас тақдим карда шуд. Ҳамчунин, баробари кушодашавии нуктаи сӯзишворӣ дар ин макон Маркази хизматрасонии автомбилии “Темур” кори худро оғоз кард, ки ронандаҳо минбаъд нақлиётҳои худро дар ин ҷо таъмир низ карда метвонанд. Ширкати «Роҳи Сомон Нафт» асосан сӯзишвориҳоро аз давлати Русия ва Қазоқистон харидорӣ менамоянд.