Маҳсулоти қаннодии “РАХАТ” дар НФС “Роҳи Сомон”

Чуноне,ки мизоҷони нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” огоҳӣ доранд, дар баробари пешниҳоди сузишвории босифат дар мағозаҳои НФС фуруши маҳсулоти хурока ва воситаҳои нақлиётро ба роҳ мондааст. Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” тасмим гирифт барои таъмини мағозаҳои нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” намуду номгуйи маҳсулоти қаннодию шириниро бештар намуда, ба харидорон бо нархҳои дастрас манзур намояд.
Бо ин мақсад ҳамкории бевоситаро бо намояндагии расмии ширкатҳои бонуфузи таъминкунандаи маҳсулоти ширинӣ оғоз намуд. Дар оғози ҳафтаи равон боз як чунин ҳамкорӣ бо ҶДММ “Тавҳид ва Ко” ба мувофиқа расид . Ширкати мазкур намояндаи ягона ва расмии маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳои “РАХАТ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар бозорҳои кишвар бештар аз 150 намуди ин маҳсулоти босифат ва машҳурро ворид менамояд.
Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад,ки харидорони сузишвориҳои НФС “Роҳи Сомон” аз мағозаҳои он беҳтарин маҳсулоти қаннодии “РАХАТ” ро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Ҳоло маҳсулоти хӯроквориро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат, ки дар мавзеи «Қотма»-и ҷамоати Ғозиён, «Ёва –Арал» ва рӯ ба руйи “Артели 1 май”, ҷамоати Ҳ. Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст, харидорӣ намудан мумкин аст.
Марҳамат аз сӯзишвории босифат ва ширинию қаҳваҳои табиӣ харидорӣ намоед!
Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!