Навгонӣ аз НФС “Роҳи Сомон” бо кишварзон ҳамкории хуб дорад.

Барои кишоварзон ва деҳқонони кишвар марҳилаи муҳими киштукор ва корҳои саҳроӣ фаро расид.

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бо назардошти мавсими кори хоҷагиҳои деҳқонӣ тасмим гирифт барои сари вақт таъмин намудани воситаҳои нақлиёти кишоварзон имконияти ба ронандагони соҳаи мазкур имконияти иловагиро пешниҳод намояд.

Аз оғози моҳи апрел дар нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” ба ронандагони воситаҳои нақлиёти соҳаи кишоварзӣ бе навбат хизмат расонда мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки андешидани чунин як тадбири муҳим аз ҷониби Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” барои бе таъхир ва сари вақт таъмин намудани нақлиётҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуда, омили паст нашудани суръати кори деҳқонон мегардад.

Лозим ба таъкид барои ба ҳаҷми зарурӣ захира намудани сузишвории дизелӣ, ки асоси талаботи кишоварзонро ташкил медиҳад, Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” тамоми имкониятро доро буда, ҳамзамон давоми ҳафтаи равон ширкат соҳиби Сертификати мутобиқати сифати сузишвории дизелӣ ба тамоми меъёрҳои стандартиро соҳиб гардид.

То имруз Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бо бештар аз 42 адад хоҷагии деҳқонию фермерӣ ҳамкории судманд дошта, барои фаъолияти онҳо шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Мизоҷон ва ронандагон имкон доранд аз тамоми нуқтаҳо сӯзишвории  босифат ва дорои сертификат, ҳамчунин ҷавобгӯ ба тамоми талаботу меъёрҳои стандартиро харидорӣ намоянд.

Нуқтаҳои таъмини сӯзишвории нақлиётии «Роҳи Сомон» дар маҳаллаҳои 7 ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи «Қотма», ҷамоати Ғозиён, ҷамоати Ҳ. Усмонов ва «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров,ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен,шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст.

Марҳамат аз сӯзишвории босифат харидорӣ намоед!

Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!