fbpx

Оё медонед?

Аз соли 1999 ба ин ҷониб бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рӯзи 12-уми май ба унвони рӯзи “Шашмақом” дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бори аввал ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст
Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд.
Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Ширкати “Роҳи Сомон” ба мероси фарҳангии аҷдодиамон арҷгузор буда, мизоҷони худро бо Рузи Шашмақом табрик менамояд!