Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллӣ муборак!

Сарбозону афсарон, собиқадорони ҷанг ва Қувваҳои мусаллаҳро бо иди умумихалқӣ – Рӯзи таъсиси Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоем.
Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чун рукни асосии давлатдории навини тоҷикон, таъминкунандаи сулҳу осоиштагӣ буда бо эътимоди қавӣ арзишҳои истиқлолияти давлатро ҳифз менамоянд.

Афсарону сарбозони Ватан бо садоқати беҳамто анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарону бобоёни шарафманди худро идома дода, дар сафҳои Артиши Миллии Ҷумҳурӣ хизмати Ватан – Модарро сарбаландона адо мекунанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаии Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомиёни Ватан рисолати хешро ба хубӣ дарк менамоянд ва омодагии ҷангию сиёсиашонро ҳама вақт сайқал дода сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол, посбони матини марзу буми он, пуштибони ҳақиқии сулҳу амният ва осудагии халқи бурдбору меҳнатқарини тоҷик будани худро собит намудаанд.
Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” афсарону аскарон ва кулли собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро бо Рӯзи Артиши Миллӣ муборакбод менамояд. Бигзор сулҳу осоиш дар сарзамини мо ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Ҷашни Артиши Миллӣ муборак бод!