“Роҳи Сомон” аз ҳамкорӣ бо расонаҳои маҳаллӣ қаноатманд аст.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва таъмини саривақтии мизоҷон бо намуду сифати хизматрасонӣ Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ҳамкории худро бо расонаҳои маҳаллӣ тақвият медиҳад.
Бо мақсади идомаи ҳамкории судманд ва баланд бардоштани маърифати сокинони вилоят,ки аз хизматрасониҳои нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” истифода мебаранд, бо супориши роҳбарият ҳуқуқшиноси ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Темурмалик Раҳмонов бо роҳбарони ШТРРК “Тироз” Хуршед Ульмасов, ТВ “7 Ситора” Маҳмуд Абдуллоев ва ТВ Танин Абдумалик Солиев мулоқоти корӣ анҷом дод.
Темурмалик Раҳмонов сипосмандии роҳбарияти ширкатро ҷиҳати дастгирии иттилоотӣ ва омодагии ҳамкорӣ ба роҳбарияти ин расонаҳои маҳаллӣ расонда, зикр намуд,ки маҳз нақши журналистон ва воситаи ахбори омма барои рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ нақши муассир доранд.
Давоми фаъолияти худ Ширкати “Роҳи Сомон” ҳамчунин бо радиои маҳалли Замон, ТВ Азия, СМ1, ТВ Диёр ва АНТ ҳамкории хубро ба роҳ мондааст.