Роҳи Сомон ба ғолибони аксия роҳхат ба Дубайро тақдим намуд.

Роҳи Сомон ба ғолибони аксия роҳхат ба Дубайро тақдим намуд.

Роҳи Сомон ба ғолибони аксия роҳхат ба Дубайро тақдим намуд.Дар идораи марказии Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони ширкат, мизоҷони фаъол, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳое, ки аз хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон” сӯзишворӣ харидорӣ менамоянд, ширкат намуданд.Ҳуқуқшиноси ширкат Темурмалик Раҳмонов ҳозиронро аз номи роҳбарияти ширкат хайрамақдам гуфта, иштирокдорони ҳамоиши идонаро бо Рӯзи Парчами миллӣ муборакбод намуд.Дар баробари ин бо ҳузури меҳмонон аксияи “БО МО БОШ!” ҷамбаст карда шуд.Аз байни бештар аз се ҳазор иштирокдорони фаъоли аксия ҶДММ “Сирдарё” ва шахси воқеъи аз ноҳияи Спитамен Шарофиддин Абдуқаҳҳоров ғолиби аксияи Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” дониста шуданд.Директори молиявии ширкат Исмоилҷон Носиров дар фазои мутантан ба ғолибон роҳхати сайёҳатиро ба шаҳри Дубайи давлати Аморати Муттаҳидаи Араб тақдим намуд.Лозим ба қайд аст, ки аксияи “БО МО БОШ” бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ аз санаи 15 октябр то санаи 20 ноябр идома ёфт, ки он байни корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродию ронандагони нақлиёти шахсӣ эълон гардида буд.

Опубликовано Сеть АЗС "Рохи Сомон" Четверг, 21 ноября 2019 г.

Дар идораи марказии Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ  чорабинии  идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони ширкат, мизоҷони фаъол, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳое, ки аз хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон” сӯзишворӣ харидорӣ менамоянд, ширкат намуданд.

Ҳуқуқшиноси ширкат Темурмалик Раҳмонов ҳозиронро аз номи роҳбарияти ширкат хайрамақдам гуфта, иштирокдорони ҳамоиши идонаро бо Рӯзи Парчами миллӣ муборакбод намуд.

Дар баробари ин бо ҳузури меҳмонон ғолибони аксияи “БО МО БОШ!” ҷамбаст карда шуд.

Аз байни бештар аз се ҳазор иштирокдорони фаъоли аксия  ҶДММ “Сирдарё”  ва шасхи воқеъи аз ноҳияи   Спитамен  Шарофиддин Абдуқаҳҳоров ғолиби аксияи Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” дониста шуданд.

Директори молиявии ширкат Исмоилҷон Носиров дар фазои мутантан ба ғолибон роҳхати  сайёҳатиро ба шаҳри Дубайи  давлати Аморати Муттаҳидаи Араб тақдим намуд.

Лозим ба қайд аст, ки аксияи “БО МО БОШ”  бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ  аз санаи 15 октябр то санаи 20 ноябр  идома ёфт, ки он байни корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродию ронандагони нақлиёти шахсӣ эълон гардида буд.