“Роҳи Сомон Нафт” бо ширкати «Voyage Tour Tajikistan» ҳамкорӣ менамояд.

Боварии мизоҷон ва хизматрасонии босифат доираи ҳамкорони ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт”-ро бештар менамояд. Дар идораи марказии ширкат бо иштироки намояндагони ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Темурмалик Раҳмонов ва Роҳбари намояндагии ширкати “Вояж-Тур” ( «Voyage Tour Tajikistan») дар вилояти Сугд Шерозҷон Ҳоҷибоев мулоқоти корӣ доир гашта, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи ин ҳамкорӣ ширкати сайёҳии “Вояж-тур” барои анҷоми сафарҳои хориҷӣ ва харидории роҳхатҳои сайёҳӣ ба ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” имконияту шароитҳои мувофиқ фароҳам меорад.
Ҳамзамон чуноне,ки сокинони вилоят огоҳӣ доранд аз санаи 15 октябр то санаи 20 ноябр бахшида ба Рузи Парчами миллӣ ширкати “Роҳи Сомон Нафт” аксияи бурдноки “Бо мо бош!”-ро эълон намудааст.
Барои ғолибони аксия ду роҳхати сайёҳӣ ба яке аз шаҳрҳои зебои давлати Аморати Муттаҳидаи Араб,- Дубай тақдим карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист,ки Ширкати «Voyage Tour Tajikistan»,соли 2011 таъсис ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширактҳои бонуфузи сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Ширкати мазкур барои мизоҷони худ тамоми намуди хизматраониҳои сайёҳиро пешниҳод намуда, идораи марказии он дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Давоми соли равон намояндагии расмии он дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ба фаъолият шуруъ намудааст.