“Роҳи Сомон Нафт” рушди футболро дастгирӣ менамояд

ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” дар баробари фаъолияти пурсамар барои рушди фарҳангу варзиш ва амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи вилояти Суғд қарордод бо ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” оиди дастгирӣ ва саҳмгузорӣ барои рушди футбол дар қаламрави вилояти Суғд бо намояндагони ин ширкати бонуфуз ба тасвиб расид.

Созишномаро муовини аввали Раиси ФФС Хуршед Ақдодов ва намояндаи ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Темурмалик Рахмонов имзо намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки мӯҳлати қарордод то интиҳои сол идома ёфта, ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” сарпарастии мусобиқаҳои  дастаи футболбозони наврасон ва ҷавонони вилоятро ба зимма мегирад.