“Роҳи Сомон” варзишгарони номиро сарпарастӣ менамояд.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ташаккули афкори мусбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ, дастгирии варишгарон ба хусус варзишгарони имконияташон маҳдуд ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” амали некро анҷом дод.
Бо дастгирӣ ва сарпарастии “Роҳи Сомон Нафт” се нафар варзишгарони вилояти Суғд, аллалхусус чемпиони дукаратаи Осиё дар намуди варзиши дастхобонӣ номзад ба устоди варзиш Қаҳрамон Мусобоев, чемпиони ҷаҳон дар ҳамин намуди варзиш Акмал Қодиров ва сармураббии мактаби варзишии вилояти Суғд Зокирҷон Комилов имкон пайдо намуданд дар мусобиқаи байналмиллалии дар шаҳри Москва ширкат намоянд.


Мусоибиқаи мазкур байни варзишгарони имконияташон маҳдуд аз санаи 7 декабр то санаи 9 декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар чаҳорчӯбаи 20-ум Ҷашни турнири байналмиллалӣ бахшида ба 70-солагии Зайцев Виктор Викторович ва Даҳаи Байналмиллалии шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гашта варзишгарон аз руйи 5 намуди мусобиқа маҳорату қувваи худро намоиш хоҳанд дод.