“Роҳи Сомон Нафт” барои рушди футболи милли саҳмгузор аст

Санаи 6 уми ноябр бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби варзишии бачагонаи №1 – и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2008-2009 ҷамбаст гардид. Дар чорабини муовини расиси шаҳри Хуҷанд Нуруллозода Фирӯза, директори мактаби варзишии мазкур Ҳомидов Хуршед ва намояндаи ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Темурмалик Раҳмонов иштирок карданд ва ғолибонро бо тӯҳфаҳои хотирави табрик намуданд.

Ҷои аввал насиби дастаи Сайхуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷои дуввум насиби дастаи футболбозони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюмро дастаи мактаби миёнаи №1-и шаҳри Хуҷанд ишғол намуданд.

“Роҳи Сомон Нафт” барои рушди футболи милли саҳмгузор аст ва ин иқдомро минбаъд низ идома хоҳад дод. Кулли кормандони ширкати “Роҳи Сомон Нафт” тамоми ҳамватанонро бо рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва таҳният менамоянд.