“Роҳи Сомон” ташкилоти ибтидоии нав дар шаҳри Хуҷанд

Дар коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи Сомон Нафт” ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Роҳи Сомон» таъсис ёфт.
Дар расми ифтитоҳи ташкилоти нави ибтидоӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввр ширкат варзид.
Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки дар остонаи таҷлили 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудани ташкилоти нави ибтидоӣ дар назди корхонаи «Роҳи Сомон Нафт» фоли нек буда, он барои боз ҳам хубтар фаъолият намудани коргоҳ, тавсеаи донишҳои сиёсии кормандон мусоидат хоҳад кард.
Қайд гардид, ки Оиннома ва Барномаи ҲХДТ тавъаманд бо ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад. Ва дар Барномаи панҷсолаи ин ташкилоти муқтадир омадааст, ки гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар саноат ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ бо роҳи ташкили технопаркҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коҳиш додани тамоюли манфии гардиши савдои хориҷӣ ва суръат бахшидан ба раванди диверсификатсияи содироти кишвар аз ҳадафҳои асосии хизб маҳсуб меёбанд.
Темурмалик Раҳмонов, ҳуқуқшиноси коргоҳи мазкур зимни баромади хеш аз нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа ҳарф зад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба 7 нафар аъзои нав, ки ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Сипас, хайати нави роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии коргоҳро ба зиммаи Темурмалик Раҳмонов вогузор намуданд.
Раиси навтаъини ташкилоти ибтидоӣ Темурмалик Раҳмонов дар ҷамъбасти ҷаласа доир ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ сухан ронда, зикр намуд, ки минбаъд барои тақвияти ташкилоти ибтидоӣ, зиёд намудани аъзои ҳизб кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.