Роҳи Сомон Нафт

Ба сифати сӯзишвории «Роҳи Сомон» боварӣ доранд.

Аз макони ҷойгиршавӣ ва сифати хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Роҳи Сомон» (собиқ СТАТНЕФТ)  ронандагони касбу кори гуногун  ва корхонаю ташкилотҳои мухталиф қаноатманданд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки нақлиётҳои хизматии он дар НФС «Роҳи Сомон» бо сӯзишворӣ таъмин мегарданд. Бо назардошти сарфаи вақт, сифати баланди тамоми намуди сӯзишвориҳо ва маданияти хизматрасонӣ ҳангоми интихоби ҳамкорӣ бо НФС «Роҳи Сомон» мусоидат намуд.

Аз ин лиҳоз аз ҳамкории хуб бо ҶДММ «Роҳи Сомон Нафт»  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳамеша қаноатманд аст.

Мирзорустам Юсупов ва Ғаффорҷон Мирсаидов давоми чанд сол аст, ки чун ронандагони микроавтобуси сайрхати № 57 ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд хизмат мерасонанд. Барои сари вақт мусофиронро ба манзил расондан ва ҳаракати бехатару дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркашонӣ, сифати сӯзишворӣ аҳамияти калон дорад.

Бинобар ин ронандагони ботаҷриба Мирзорустам Юсупов ва Ғаффорҷон Мирсаидов  сӯзишвории дизелиро барои нақлиёти мусофиркашони худ  аз НФС «Роҳи Сомон» харидорӣ менамоянд.

«Мо ҳамеша ба сифати сӯзишвории НФС «Роҳи Сомон»,ки дар мавзеи «Ёва-Арал» аст, боварии комил дорем. Дар баробари ин ба хизматрасонии саривақтӣ ва муомилаи хуби кормандон одат кардаем. Бинобар он мо мизоҷи доимии онҳо ҳастем»- қайд намуданд ронандагон.

Лозим ба қйд аст,ки мизоҷон ва ронандагон имкон доранд чун ҳарвақта аз тамоми НФС «Роҳи Сомон»  сӯзишвории  босифат ва дорои сертификат, ҳамчунин ҷавобгӯ ба тамоми талаботу меъёрҳои стандартиро харидорӣ намоянд.

Маълумот дар бораи таркиби сӯзишвориҳо (маълумот)



Хабаррасонак

Барои гирифтани ахбору ахборот дар бораи фаъолияти мо дар суроғаи зерин, суроғаи почтаи электронии худро нависед.



Тамос

ҶТ, вилояти Суғд
н. Б. Ғафуров, ҷамоати Ҳ. Усмонов
кӯчаи Ф. Ахмедов 21-А
+992 3422 4 18  88
info@rsn.tj

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қабули кортҳо   

© 2019 “Роҳи Сомон Нафт” Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн намудани маводи сомона бо мувофиқа тавсия мешавад.