Рузи Истиклолият муборак!

Бо камоли ифтихору шукргузорӣ Ширкати «Роҳи Сомон Нафт» ҳамдиёрони азизро бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамояд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмиллалӣ нуфузу эътибори худро боло бардошта, Тоҷикистонро ба ҷаҳон чун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни бой муаррифӣ намуд.
Қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, авҷи тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.
Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!!