Рузи Парчам муборак бошад!

Ширкати «Роҳи Сомон Нафт» бо камоли эҳтиром тамоми ҳамватанонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик менамояд.

Ҷилои рангҳои Парчами Тоҷикистон волотарин ормонҳои миллиро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Зеро парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони қаҳрамони мо аз замони Сосониён оғоз гардида то ба даврони соҳибистиқлолии мо расидааст. Ва хушбахона он имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ва бо тобиши рангҳою ҳафт ситораи дурахшон бо рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои мардуми сарзаминамон башорат медиҳад.
Боиси ифтихор аст,ки мардуми Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати садоқатмандона барои созандагиву ободкорӣ кишвари маҳбубамон таҷлил намуда, ифтихор аз Ватани маҳбуби хеш менамоянд.
Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Шумо, ҳамдиёрони азизро бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод гуфта, бароятон тандурустиву хонаободӣ, осудагӣ орзу намуда, баракати хонадону дастурхони Шуморо таманно менамояд!
Рӯзи Парчами миллӣ муборак бошад!