“Шириниҳои Дилбархон” -ро аз НФС “Роҳи Сомон” харидорӣ намоед!

Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати “Роҳи Сомон Нафт” дар ҷамоати Ҳ.Усмонов, рӯ ба руйи “Артели 1 май” фурӯши маҳсулоти сехи қаннодии “Шириниҳои Дилбархон” ба роҳ монда шуд. Барои мизоҷон ҳамчунин қаҳваи хоси табии бо номи “Роҳи Сомон” пешниҳод карда мешавад, ки то фурсати бо сӯзишворӣ таъмин гаштан, соҳибони воситаи нақлиёт дар ҷойи муқарраргашта қаҳваю шириниҳои болаззатро тановул карда метавонанд.
Пешбинӣ карда мешавад, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон дар дигар НФС-ҳои “Роҳи Сомон” чунин намуди хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки айни замон қаҳваю чой ва дигар маҳсулоти хӯроквориро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат, ки дар мавзеи «Қотма»-и ҷамоати Ғозиён, «Ёва –Арал» ва рӯ ба руйи “Артели 1 май”, ҷамоати Ҳ. Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст, харидорӣ намудан мумкин аст.
Марҳамат аз сӯзишвории босифат ва ширинию қаҳваҳои табиӣ харидорӣ намоед!
Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!