Соати кории НФС “Роҳи Сомон” вокеъ дар 7 махаллаи ш.Хучанд зиёд карда шуд.

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” вобаста ба мавсим ва фасли сол низоми фаъолияту давомнокии соати кории нуқтаҳои фуруши сузишвории худро ба мизоҷон мувофиқ менамояд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ ва таъмини саривақтии нақлиёти сокинон бо маводи сӯхт  Нуқтаи фуруши сузишвории “Роҳи Сомон”, ки дар микроноҳияи 7-уми шаҳри Хуҷанд  қарор дорад  соати хизматрасониро ба мизоҷон зиёд намуд.

Аз ин пас ронандагон имкон доранд, нақлиёти худро аз соати 05 00 субҳ то 23.00 бо сузишворӣ аз нуқтаи мазкур таъмин намоянд.

Қаблан соати корӣ дар ин нуқтаи хизматрасонӣ аз соати 06.00 то соати 22.00 муқаррар гардида буд.

Ҳамзамон шумораи кормандон низ зиёд карда шуда, барои таъмини саривақтии воситаҳои нақлиёти мизоҷон бо сузишворӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Нуқтаҳои таъмини сӯзишвории нақлиётии «Роҳи Сомон» дар маҳаллаҳои 7 ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи «Қотма», ҷамоати Ғозиён, ҷамоати Ҳ. Усмонов ва «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров,ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен,шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст.

Марҳамат аз сӯзишвории босифат харидорӣ намоед!

Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!