Сомонаи расмии “Роҳи Сомон Нафт” таъсис ёфт.

Бо мақсади огоҳии саривақтии мизоҷон аз хизматрасонӣ ва намудҳои он, таъмину таҳкими робитаи доимӣ бо сокинон, ҳамчунин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хусус соҳибони нақлиёт Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” сомонаи расмии худро мавриди истифода қарор дод. Масъулини ширкат мақсад доранд тариқи сомона ба мизоҷон бобати навгонии ширкат, намудҳои сузишворию сифати он, макони ҷойгиршавии нуқтаҳои фуруши сузишворӣ, ҳамчунин дастовардҳои “Роҳи Сомон Нафт” маълумоти саривақтӣ пешниҳод намояд.
Мизоҷону муштариёти ширкат минбаъд имкон доранд ҳамчунин назару пешниҳодҳои худро доир ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ва маҳсулоти пешниҳодшаванда тариқи сомона иброз намоянд.
Сомонаи расмии “Роҳи Сомон Нафт” ро тариқи ангушт задан ба нишонии www.rsn.tj дарёфт намудан мумкин аст.
Лозим ба таъкид аст, ки дар оғози сол ширкат дар шабакаи иҷтимоӣ низ саҳифаи худро боз намуда буд. То имруз саҳифаи Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” хонандагону ҳаводорони зиёди худро дошта ба саҳифаи мазкур тариқи суроғаи Сеть АЗС “Рохи Сомон” ворид гаштан мумкин аст.
Нуқтаҳои фуруши сӯзишвории «Роҳи Сомон» дар маҳаллаҳои 7 ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи «Қотма», ҷамоати Ғозиён, ҷамоати Ҳ.Усмонов, ва «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен дар шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст.
Марҳамат аз сӯзишвории босифат харидорӣ намоед!
Хизматрасонии арзанда ба Шумо – мақсади мост!