Cancel Preloader

info@rsn.tj

Ба мо нависед

7711

08:00 то 17:00

 Тӯҳфаҳои ширкати “Роҳи Сомон” соҳибони худро пайдо карданд

Тӯҳфаҳои ширкати “Роҳи Сомон” соҳибони худро пайдо карданд

Санаи 8.01.2021 ҷамбасти Аксияи “Ҷамбасти соли бо “Роҳи Сомон” Онлайн дар саҳифаи иҷтимоии Facebook-и ширкат доир гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Аксия 1639 нафар ширкат карданд ва 33 нафар соҳиби тӯҳфаҳо шуданд. Дар Аксия танҳо дорандагони корти ширкат иштирок карда метавонистанд. Мизоҷе, ки чор рақами охираш 5212 Шерзод Рӯзиев роҳхати серӯза ба Сафед-дараро бурд кард. Ғолиби навбатие, ки чор рақми корташ 4905 Озод Мирзошарипов соҳиби яхдон гардид. Муштарӣ, ки чор рақами охираш 4364 Зайниддин Маҳмудов аст, телевизорро бурд намуд. Боз ба 30 нафари дигар сӯзишвории газ дар ҳаҷми аз 30 то 50 литр тӯҳфа карда шуд. Дар маҷмӯъ ҳама тӯҳфаҳои ширкати “Роҳи Сомон” соҳибони худро пайдо карданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки ғолибонро компютер ва барномаи вижа тавассути Генератори тасодуфии рақамҳо муайян кардааст. Ба бурдкардагон ғолибият муборак бошад.