Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

 

Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз натанҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи уммеди худ хондаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чун сарпарасти сулҳи тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштанд.

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бо эҳтироми бепоён ҳамдиёрони азизро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ  муборакбод гуфта, хоҳони  сулҳи  пойдор ва ободии  хонадони тоҷикону тоҷикистониён аст!

Иди Ваҳдати миллӣ муборак бод!