Викторина аз “Роҳи Сомон” дар ТВ Диёр

Маъмулан шоми солинавӣ бо лаҳзаҳои ҷолибаш ва ҳолатҳои ғайричашмдошташ хотирмон мегардад. Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” дар ҳамкорӣ бо Телевизиони Диёр иқдоми ҷолиби солинавиро ба нақша гирифтанд.

Шоми 31 декабр дар барномаи солинавии Тв Диёр ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз оғози Соли Нав Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” озмун викторинаи ҷолибро доир месозад.
Ҳар нафаре ки ба як саволи пешниҳоднамудаи “Роҳи Сомон” ҷавоби дуруст мегуяд, соҳиби туҳфаи хуб мегардад.
Он чӣ савол аст ва ғолибро чӣ туҳфа интизор аст, шоми 31 декабр намоишҳои Телевизиони Диёрро тамошо намоед.