Хадамоти хизматрасонии “Экспресс-Такси” бо “Роҳи Сомон Нафт” ҳамкориро оғоз намуд.

Хадамоти хизматрасонии “Экспресс-такси” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии худ бо Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” созишномаи ҳамкориро ба имзо расонд.
Минбаъд ба тамоми ронандаҳое, ки бо ин хадамот шартнома доранд дар нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” ҳангоми харидории сузишвории дизелӣ бензин ва гази моеъ, ҳамчунин барои таъмиру харидории қисмҳои эҳтиётии нақлиёт дар Нуқтаҳои таъмири нақлиёти “Темур” имтиёзҳои хоса пешниҳод карда мешавад.