Бо номи “Роҳи Сомон Нафт” дар қаламрави Тоҷикистон кушода шудаанд.
Сохтмони иншооти инноватсионии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда, яъне нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории муосир ва истифодаи онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар нуктаҳои фурӯши сузишвории «Роҳи Сомон Нафт» эътибори асосӣ ба сатҳу сифати олии хизматрасонӣ дода мешавад, ки ба меъёрҳои байналмилалии бовариву бехатарӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ дар ҷойҳои басо қулайи даромаду баромади нақлиёт бунёд карда шудаанд. Дар онҳо сиситемаи автоматикунонидашудаи ҳисоб насб гардида, мизоҷон имкон доранд, пардохти маҳсулотро тавассути кортҳои бонкӣ ва QR ба ҷо оранд.
Мавзеъи нуқтахо ободу сарсабз, хизматрасониҳои минимаркетҳо, автокимиёвӣ, хизматрасонии техникӣ, маводи ғизои фаврӣ барои роҳ, аз ҷумла 7 намуди каҳва инчунин чой ва ғайра пешниҳод мешаванд.
Ба шарофати хизматрасонии хуб, нархҳои дастрас ва сифати хуби сӯзишворӣ теъдоди мизоҷон байни аҳолӣ ва мизоҷони корпоративӣ ҳамарӯза меафзояд.
№1 ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён, мавзеи Қотма, шоҳроҳи Конибодом – Ҷ. Расулов
№2 ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи Р. Набиев, мавзеи Арал
№3 ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонов, кӯчаи Ф. Ахмедов 21А
№4 ноҳияи Спитамен, ҷамоати Т. Ӯлҷабоев, шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе
№5 шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 7-ум
№6 шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12-ум, шимолу ғарбии бинои истиқоматии 29
№7 ноҳияи Б. Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Ленина 168
Замимаи моро ба телефонҳои худ насб кунед ва аз он пайваста истифода баред. Бо он Шумо корҳои зиёдеро анҷом дода метавонед, ба монанди:
– Аз бақияи корти бонусии худ огоҳ бошед;
– Аз нархҳои сӯзишворӣ мустақим ва фавран огоҳ бошед;
– Тағйиротро дар суратҳисоби бонусии худ ба таври онлайнӣ пайгирӣ намеод;
– Профили худро идора кунед ва маълумоти онро иваз намоед;
– Аз аксияҳову пешниҳодҳои махсус огоҳ бошед ва аз он истифода баред.
Барномаи махсуси бренди ширкати “Роҳи Сомон”-ро насб кунед ва нархи сӯзишвориҳоро тафтиш намоед. Ҳамчунин, бо он Шумо нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дар наздикии худатон бударо пайдо карда метавонед!
Замимаро танҳо дорандагони корти “Роҳи Сомон” истифода бурда метавонанд.