Кормандони ширкати “Роҳи Сомон” донишашонро такмил медиҳанд

Санаи 10 уми ноябри соли 2020 дар идораи марказии “Роҳи Сомон Нафт” ба як қатор кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории соҳаи газу нафт дар асоси нақшаи таълимӣ барои такмили ихтисоси кадрҳо баъд аз супоридани интиҳоми аттестатсионӣ доир ба санҷиши дониши қоидаҳои истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва техникаи бехатарӣ ихтисоси танзимагар – пуркунандаи зарфҳои гази моеъ, санҷиши дониш оиди риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи роҳбари Маркази таълимию-методӣ оид ба ислоҳоти хоҷагии манзилию комуналии КВД “ХМК” Ҷумаев Ҷамолиддин ва роҳбари Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Носиров Исмоил гувоҳнома супорида шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки мувофиқи талаботи ширкати мазкур ҳар корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар як сол як маротиба аз атестатсия гузаранд. Шахсоне, ки хоҳишманди кор кардан дар ширкатро доранд, бояд дастурамали махсусро, ки 60 соатро дар бар мегирад, аз худ намоянд ва барои кор омода гарданд.