Сарқонун санади муқаддасу тақдирсози миллат

“Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд” – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

6 уми ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат аст, зеро маҳс дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 26-умин солгарди онро ҷашн мегирем.

Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ҳамдиёрони азизро бо рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамояд. Бароятон зиндагии осоишта орзумандем!