Cancel Preloader

info@rsn.tj

Ба мо нависед

+992 92 888 88 02

Ба мо занг занед 24/7

 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ҷашн гирифта мешавад

16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ҷашн гирифта мешавад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизамонро самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.
Бо эҳтиром ширкати “Роҳи Сомон Нафт”