Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил гирифта мешавад.
Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, талаби онро дорем, ки ҳамеша Тоҷикистони мо ободу зебо ва парчамаш парафшон бошад.