“Роҳи Сомон Нафт” озмуни “Тӯҳфаҳои гарм дар рӯзҳои сард”-ро санаи 15-уми декабр ҷамъбаст намуд. Барои иштирокчии озмун гаштан, мизоҷон ва истифодабарандагони сомонаи иҷтимоии Facebook тӯли як моҳ аз санаи 14.12.2020 то 15.12.2020 бояд аввал обуна гардида, эълони конкурси мазкурро нишони писандида (лайк) мегузоштан ва шарти дуюм номи 3 нафар дӯсташонро дар шарҳ мегузоштанд. Баъдан эълонро дар саҳифаи худ бознашр менамуданд.
Дар ин озмун зиёда аз 250 нафар иштирок намуданд. Тӯҳфаҳо барои ғолибони ҷои аввал 100 литр, ба ҷои дуюм 50 литр ва ба ҷои саюм 30 литр сӯзишвории газӣ тақдим гардид. Озмун тақрибан тӯли зиёда аз 2 соат дар Facebook ҳамроҳи ҳаводорон Онлайн дар пахши мустақим ҷамъбаст гардид. Ҷои аввал насиби Шавқатҷон Ҳоҷибоев аз шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби Муҳаммад Маликов аз шаҳри Душанбе ва ҷои саюм насиби Бахтовар Назаров аз шаҳри Душанбе гардид. Ғолибон тӯҳфаҳои худро соҳиб шуданд. Рафти озмунро намояндаи ширкат Давронбек Аҳмадбеков назорат кард. Минбаъд ширкат тасмим гирифт барои боз ҳам наздиктар будан бо мизоҷони худ чунин озмунҳоро махсусан дар сомонаҳои иҷтимои зиёд гардонда таъби ҳаводоронашро баланд бардорад.